Беҳтарин хонандаи пойтахт муайян шуд
Дар шаҳри Душанбе ғолиби озмуни шаҳрии “Хонандаи сол– 2025” муайян гардид. Нушофарин Раҷабзода, хонандаи синфи 10-и Мактаби байналмилалии президентӣ дар ноҳияи Сино сазовори ҷойи аввал дониста шуд.
Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, озмуни мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Даври шаҳрии озмун рӯзҳои 6-7 апрели соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардид. Озмун аз иҷрои корҳои тестӣ ва хаттӣ аз фанҳои таълимӣ иборат буда, маҳорати суханварӣ, сатҳи донишҳои назариявӣ ва дастовардҳои иштирокчиён низ баҳогузорӣ карда шуданд.
Ғолиби озмун дар чорабинии бахшида ба Рӯзи пойтахт бо мукофоти пулӣ ва Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ