Сафир барои як рӯз

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Парвати Рамасвами Дария Бобоалиеваро дар доираи ибтикори «Сафир барои як рӯз» истиқбол намуд.

Ин барнома ба иштирокчӣ имкон фароҳам овард, то роҳбарият ва дипломатияро дар амал аз наздик омӯзад.

Зикр гардид, ки ин ибтикор бори сеюм амалӣ гардида, мавзeи имсола ба масъалаҳои об ва зеҳни сунъӣ бахшида шудааст.

Дар ҷараёни барнома Дария фаъолияти Ҳамоҳангсози доимиро аз наздик пайгирӣ намуда, дар ҷаласаи Дастаи кишварии СММ иштирок кард. Дар ин нишаст масъалаҳои марбут ба ҷалби ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, ӯ дар як қатор вохӯриҳои муҳим иштирок намуда, бо фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор аз наздик шинос гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *