Осиёи Марказӣ ва Афғонистон. Талош барои ҳамгироии ҷадид дар минтақа
5-уми апрел дипломатҳо аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии ҳукумати Толибон дидору гуфтугӯ кардаанд. Бино ба гузориши ВВС-и форсӣ ин мулоқот рӯзи 5-уми апрел бо ҳузури намояндагон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон баргузор шудааст. Ёдовар мешавем, ки ин нахустин ҳамоиш баъди ба сари қудрат омадани Толибон дар соли 2021 аст.
Густариши ҳамкориҳо
Тибқи иттилои расонаҳои форсизабон, аз ҷумла BBC Persian ва DW Persian, дар ин нишаст намояндагони ҳукумати Толибон, инчунин дипломатҳои кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон иштирок доштанд.
Ҳадафи расмии нишаст, ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Толибон Амирхон Муттақӣ, “тақвияти ҳамоҳангии дипломатӣ, густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва транзитӣ ва тарҳрезии як роҳи ҳамаҷониба барои ҳамгироии минтақавӣ” будааст.
Аз ин метавон хулоса кард, ки Толибон мехоҳанд худро ҳамчун як шарики қобили эътимод дар минтақа муаррифӣ кунанд.
Сиёсати “тавозун ва иқтисодмеҳвар”
Амирхон Муттақӣ дар суханронии худ таъкид кардааст, ки сиёсати хориҷии ҳукумати Толибон бар пояи “тавозун ва иқтисодмеҳварӣ” асос ёфтааст. Ӯ аз зарурати “бародарии исломӣ, ҳамсоягии нек, эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ” ёдовар шудааст.
Ин суханон дар заминаи воқеиятҳои сиёсӣ маънои хос доранд. Пас аз соли 2021 ҳукумати Толибон аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон ба таври расмӣ эътироф нашудааст. Аз ин рӯ, барои онҳо кишварҳои ҳамсоя, бахусус давлатҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ доранд.
Ба гуфтаи манбаъҳо, дар соли 2025 ҳаҷми тиҷорат байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 2,7 миллиард доллар расидааст. Кобул ният дорад, ки дар чанд соли оянда ин рақамро то 10 миллиард доллар расонад.
Ин ҳадаф, агарчи хушбинона менамояд, аммо нишон медиҳад, ки иқтисод дар маркази сиёсати нави Кобул қарор гирифтааст. Дар ин нишаст ҳам ҳамкории иқтисодӣ дар мадди аввал қарор доштааст. Дар “Гуфтугӯйи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ” лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, аз ҷумла “ТАПИ”, “CASA-1000” ва “Афғон-Транс” ҳамчун тарҳҳои калидӣ барои таҳкими ҳамкориҳо номбар шудаанд.
Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон менависад, ки то имрӯз 25 километр қубур дар масири марзии Ҳирот – Туркманистон дар доиҳаи лӯлаи гази ТАПИ гузошта шудааст ва 120 километри дигар барои оғози корҳои сохтмонӣ пурра омода аст.
Хоҷа Авезов, сафири Туркманистон тасдиқ кардааст, ки “сатҳи амният дар Афғонистон” имкон додааст ва татбиқи лоиҳаҳои фарогир ба марҳилаи анҷомёбӣ наздик асту то охири соли 2026 ба анҷом мерасад.
Гуфта мешавад, ки ин иқдом Ҳиротро ба аввалин маркази бузурги саноатӣ табдил медиҳад, ки мустақиман аз конҳои Туркманистон таъмин мешавад.
Муносибат бо Тоҷикистон
Яке аз нуқтаҳои ҷолиби ин нишаст иштироки намояндаи Тоҷикистон буд. Зеро аз рӯзҳои нахустини ба сари қудрат расидани Толибон, гуфта мешавад, ки Душанбе расман бо онҳо муносибат надорад. Тоҷикистон борҳо аз зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон ва ҳифзи ҳуқуқи тоҷикон дар он кишвар сухан гуфтааст.
Вале, иштироки дипломати тоҷик дар “Гуфтугӯйи машваратии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ” ҳадсу гумонҳоро дар мавриди нармтар шудани мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Толибон ба вуҷуд овардааст.
Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон тибқи иттилои ВВС форсӣ “ба таври ғайримустақим аз нерӯҳои амниятии Толибон барои таъмини хуби амният дар марз қадрдонӣ кардааст”.

Хабаргузории ВВС дар такя ба Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон навиштааст: “Ҷаноби Саъдӣ Шарифӣ амнияти Афғонистон ва муносибат бо онро яке аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии худ қарор додааст”.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман иттилоъ надодаанд.
Аз амният то транзит
Дар нишасти Кобул масъалаҳои калидии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла ҳамкориҳои сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар бахши амнияти минтақа, савдо ва транзит.
Афғонистон бо ҷойгиршавии ҷуғрофӣ метавонад ба як пули муҳим миёни Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ табдил ёбад. Ин нақш барои кишварҳое минтақа, ки ба бозорҳои баҳрӣ дастрасии мустақим надоранд, хеле муҳим аст.
Бо вуҷуди ин, масъалаи амният ҳамоно яке аз монеаҳои асосӣ боқӣ мемонад. Гарчанде намояндагони Толибон аз беҳбуди вазъ сухан мегӯянд, нигарониҳо дар бораи гурӯҳҳои ифротӣ ҳанӯз пурра аз байн нарафтаанд.
Омили Покистон чӣ таъсир ба минтақа дорад?
Ҳамзамон бо нишасти Кобул, дар шаҳри Урумчии Чин музокироти миёни намояндагони Толибон ва Покистон идома дошт. Ин гуфтушунидҳо, ба гуфтаи расонаҳо, ба масъалаи танишҳои ахир миёни ду кишвар бахшида шудаанд.
Муносибатҳои Кобул ва Исломобод аз моҳи октябри соли гузашта ба ин сӯ сард шудаанд. Ин танишҳо на танҳо ба равобити ду кишвар, балки ба тиҷорати минтақа низ таъсир расонидаанд.
Амирхон Муттақӣ дар ин замина таъкид кардааст, ки Кобул мехоҳад мушкилотро “аз роҳи муколама ва тафоҳум” ҳал кунад, аммо ҳамзамон аз “тамомияти арзӣ ва манфиатҳои миллӣ” дифоъ хоҳад кард.
Иштирокчиёни нишасти Кобул низ аз музокироти ҷараёнгирифта дар Чин дастгирӣ намуда, ба ҳалли осоиштаи ихтилофҳо даъват кардаанд.
Нишасти Кобул чӣ натиҷа медиҳад? Он як мулоқоти дипломатӣ барои оғози ҳамкориҳо аст ё як ҳамгироии нав дар Осиёи Марказӣ? Инро вақт нишон хоҳад дод.
О. СОҲИБЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ