Боздошти гумонбар дар қатли 4 нафар дар Кӯлоб
Прокуратураи шаҳри Кӯлоб алайҳи Валӣ Сафаралӣ, шавҳари Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, ки шаби 1 ба 2-юми апрел бо хоҳараш Таҳмина Шоҳмаҳмади 20-сола ва хоҳарзодаи 6-солаашон дар шаҳри Кӯлоб ба таври мармуз кушта шуданд, бо иттиҳоми одамкушӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Гумонзад “ба куштор бо бераҳмии махсус” айбдор шудааст.
Гумонбар шавҳар
Ба иттилои мақомот, гумонбар Сафаралӣ Валӣ, марди 32-сола, дар бозори “Фаровон”-и шаҳри Душанбе ба ҳайси боркаш кор мекард. Гуфта мешавад, ки ӯ ҳамсараш Зуҳро Қурбоноваи 28-сола, хоҳари ҳамсараш Таҳминаи Шоҳмаҳмади 20-сола, тифли батни ӯ ва кӯдаки шашсола Абубакр Қурбоновро бо зарби корд ба қатл расонидааст.
Ҳодиса шаби 2-юми апрел рух додааст. Ба гуфтаи манбаъҳои расмӣ, Зуҳро ва Таҳмина дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтаанд, дар ҳоле ки Абубакри хурдсол дар бемористони шаҳри Кӯлоб аз дунё гузаштааст. Тифли батни Таҳмина, ки дар моҳи ҳаштуми ҳомилагӣ қарор дошт, аз ҷониби мақомот ҳамчун “як инсони комил” арзёбӣ шудааст.
Парвандаи ҷиноятӣ бар асоси моддаи 104, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон боз шудааст, ки барои “куштани чанд нафар бо бераҳмии махсус” аз 15 то 25 соли зиндон пешбинӣ мекунад.
Сабаб чист?
Яке аз саволҳои асосие, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ангезаи чунин ҷинояти даҳшатнок аст. Тибқи иттилои мақомот, байни Сафаралӣ Валӣ ва ҳамсараш Зуҳро Қурбонова муддати тӯлонӣ муноқишаҳо вуҷуд доштаанд. Ин ихтилофҳо то ҳадде расидаанд, ки пас аз як ҷанҷоли ҷиддӣ дар моҳи декабри соли гузашта Зуҳро бо ду фарзандаш ба хонаи волидонаш дар Кӯлоб баргаштааст.
Ба гуфтаи манбаъҳо, гумонбар аз ин вазъ норозӣ буда, ҳатто қасди аз ҳаёт маҳрум кардани ҳамсарашро дар сар доштааст. Мақомот бар ин назаранд, ки ӯ пешакӣ нақшаи содир кардани ҷиноятро тарҳрезӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 1-уми апрел ӯ ба Кӯлоб омада, аз маркази шаҳр корд харидааст ва шабона дар наздикии хонаи волидони ҳамсараш интизор шудааст. Ин ҷузъиёт нишон медиҳад, ки амал тасодуфӣ набуда, балки бо нияти пешакӣ омодашуда анҷом дода шудааст.
Лаҳзаҳои фоҷиа
Тибқи маълумоти расмӣ, соати дуи шаби 2-юми апрел гумонбар пинҳонӣ ба ҳавлӣ ворид шудааст. Дар яке аз ҳуҷраҳо Таҳминаи Шоҳмаҳмад, ки дар моҳи ҳаштуми ҳомилагӣ буд, бо хоҳарзодаи шашсолааш Абубакр хобидааст. Модари Абубакр ӯро ба назди холаҳояш гузошта, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад.
Муфаттишон мегӯянд, ки ба Таҳмина чандин зарбаи корд расонида шудааст. Дар айни замон, Абубакри хурдсол низ, ки дар паҳлуи ӯ қарор дошт, аз ҳамла эмин намондааст.
Садои имдодхоҳии онҳо Зуҳро Қурбоноваро, ки дар ҳуҷраи дигар бо фарзандонаш хоб буд, бедор мекунад. Вай ба ҳуҷраи дигар медарояд, аммо худ низ мавриди ҳамла қарор мегирад.
Ба ду фарзанди худи гумонбар, ки дар ҳамон хона будаанд, осебе нарасидааст.
Ҳодисаи гӯшношунид
Ин ҳодиса на танҳо наздикони қурбониён, балки тамоми ҷомеаро дар ҳолати шок қарор дод. Ба гуфтаи пайвандони Зуҳро, ӯ қаблан аз ҷониби шавҳараш таҳдид мешуд, аммо ин таҳдидҳо ҷиддӣ гирифта нашуда буданд.
Гуфта мешавад, ки боздоштшуда дар баёноти аввалияаш ба мақомот гуфтааст, ки соати дуи шаб вориди хона шуда, иштибоҳӣ аввал ба хоҳарарӯсаш Таҳминаи Шоҳмаҳмад ҳамла кардааст.
Наздиконаш мегӯянд, Таҳмина дар моҳи 8-уми ҳомилагӣ буд ва барои ба дунё овардани тифл дар хонаи падару модараш қарор дошт.
“Сафаралӣ Валӣ гуфт, пас аз он ки ҳамсараш аз хоб бедор шуду дод зад, ба ӯ низ ҳамла кардааст. Ба ду фарзанди худаш, ки дар он ҳуҷра хоб будаанд, осеб нарасонидааст”,- гуфта шудааст дар баёнот.
Наздикони Таҳмина мегӯянд, ки ӯ барои таваллуди фарзандаш ба хонаи волидон омада буд.
Парванда таҳқиқ мешавад
Ба иттилои мақомот, гумонбар субҳи ҳамон рӯз, 2-юми апрел дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Ӯ дар маҳаллаи Яккачинори ноҳияи Сино дастгир ва ба Кӯлоб интиқол дода шудааст.
Дар ҷараёни тафтишот далелҳои шайъӣ, аз ҷумла корди хунолуд ва либосҳои гумонбар дарёфт ва барои ташхис фиристода шудаанд. Ҳамчунин, шоҳидон ва наздикони қурбониён пурсида мешаванд.
Парванда дар ҳоли таҳқиқ қарор дорад ва тамоми ҷузъиёти ин қазияро рӯшан хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ