Коҳиши воридоти ғалла ба Тоҷикистон

Аз моҳи сентябри соли 2025 то феврали соли 2026 Қазоқистон содироти ғалларо ба кишварҳои мухталиф 14% кам кардааст. Дар ин бора Бюрои миллии омори Қазоқистон иттилоъ додааст.

Қазоқистон яке аз таъминкунандагони асосии ғалла ва орд барои Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамин давра ба Тоҷикистон 735,8 ҳазор тонна ғалла содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7% камтар мебошад.

Ҳамчунин, қайд шудааст, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон қисми зиёди содироти гандуми Қазоқистон рост меояд. Ҳиссаи онҳо дар содироти умумӣ аз моҳи сентябри соли 2025 то феврали соли 2026-ум 76%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қазоқистон хабар додаанд, ки содироти орд ба Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин давра содироти орд ба Тоҷикистон 27% афзоиш ёфта, ба 5,7 ҳазор тонна расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *