Таъсиси ситод дар Душанбе оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт хариди либосҳои мактабӣ
Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидорӣ намудани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд.
Ситоди мазкур аз 8-уми апрел бо мақсади пурра бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ фаъолият менамояд.


Ба иттилои масъулони ситоди корӣ, бо мақсади шинос намудани масъулини корхонаҳои дӯзандагии шаҳри Душанбе бо талаботи стандарти мазкур корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯрию омӯзишҳо гузаронида мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ