Низомов: «Раҳбарони оппозитсия мегуфтанд, ба корҳои сиёсӣ дахолат накунем»

Мирзохӯҷа Низомов, собиқ Фармондеҳи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни Тоҷикистон(ИНОТ) дар суҳбат бо расонаи Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳангоми гуфтушунид бо тарафи ҳукумат аз роҳбарон паём мегирифт, ки ба корҳои сиёсӣ дахолат накунед, зеро ӯ як фармондеҳи низомӣ аст.


Мирзохӯҷа Низомов мегӯяд, ҳангоме, ки даргириҳо ҳанӯз идома дошт, тарафи ҳукумат аз ҳамсараш Раъно Низомова хоста буд, барои барқрор шудани музокира ба онҳо кумак кунад. Ӯ мегӯяд, ҳатто ҳамсараш ҳам  барои рисдан ба сулҳ талош кардааст. Вале, мегӯяд, ӯ ҳангоме, ки музокира оғоз шуд, раҳбарони сиёсӣ аз ӯ хоста буданд, ки ба умури сиёсӣ дахолат накунад, зеро як фармондеҳи низомӣ аст:“Роҳбарони сиёсии мо он солҳо дар хориҷи Тоҷикистон буданд ва тамоси мустақим надоштанд. Вале нома фиристода норозигӣ мекарданд ва мегуфтанд, ки Шумо як фармондеҳи ҳарбӣ ҳастед ва ба корҳои сиёсӣ дахолат накунед. Ба масъалаи сулҳу мусолиҳа кордор набошед. Дар ҳамон вақт масъули амният ва умури дохилаи минтақа ҳамсари маро даъват намуда ва хоҳиш кардаанд, ки Мирзохӯҷаро дар куҷое набошад пайдо кун ва бирасон, ки Саидамир Зуҳуров, вазири пешини амният ба Ғарм омадааст ва мехоҳад бо ӯ мулоқот кунад. Ҳамсарам (ҳамсараш Раъно тасдиқ мекунад) ҳамроҳи кӯдаки хурдсол сарфи назар аз мушкил ба роҳ мебарояд ва (мо дар 50-километрии маркази ноҳия дар пуштаи як куҳ қарор доштем) ними роҳро бо мошин ва қисми дигарро пиёда тай намуда, ба қароргоҳи мо расид ва хабарро расонд. Ман ба маркази ноҳия омадам, вале алакай Зуҳуруов рафта буд ва бо намояндаҳои амният розӣ нашудам суҳбат кунам ва пас гаштам. Мо ҳамеша аз кӯчактарин иқдом барои расидан ба оромӣ рӯ намегардондем. Сарфи назар аз он ки роҳбарони сиёсиамон норозигӣ мекарданд, вале мо дар ҳамон солҳое, ки ҳанӯз бӯе аз сулҳ намеомад, аз музокираҳо дар минтақаҳо даст намебардоштем.”

Мирзохӯҷа Низомов шароити бад ва даводоршудани хунрезиҳоро далеле медонад, ки ӯро ҳарчӣ зуддат барои расидан ба сулҳ ташвиқ мекарданд:“Бо шурӯи нооромиҳо силоҳ дар дасти мо буд ва аз ҳеч тараф – на аз берун ва на аз дохил – касе фишор ё зӯрӣ надошт, ки сулҳ бо роҳи маснӯӣ ба даст биёяд. Дар солҳои 1994-95 дар ҷабҳаи Ғарм ва Тавилдара (ҳоло Сангвор) ҷангҳои шадид идома мекард ва гоҳе то як моҳ давом мекард. Аз ду тараф садҳо нафар кушта мешуданд, махсусан ҷавонон мемурданд. Ин саҳнаҳо беҳад дардовар буд. Вақте ки сарбозони давлатӣ баъд аз даргирӣ ақибнишинӣ мекарданд, мо ҷасади онҳоро ба хок месупоридем ва медидем, ки дар паспорту билети ҳарбӣ синнашон зикр шудааст. Аксари онҳо нав ба саффи артиш даъват шудаанд. Магар ин фоҷиа нест? Дар ҷанги Тавилдара ду бародари наздикам Эшони Фатҳулло ва Зобит кушта шуданд ва ҳатман аз тарафи ҳукумат ҳам наздики касе кушта мешуд ва ё захмӣ мешуд ва ё асир меафтод. Магар ин хонаводаҳои тоҷикро бадбахт намекард? Пас, чӣ гуна бо ин шароити ваҳшатзо метавон бетараф буд ва кӯшиш накард, ки сулҳу субот ба даст биёяд. Сулҳ хости ҳарду тараф буд ва хости созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои кафил буд.”

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *