Донишҷӯёни рус гимни миллии Тоҷикистонро суруданд(ВИДЕО)

Як гуруҳ донишҷӯёни Донишкадаи шарқшиносии Русия гимни Тоҷикистонро бо забони тоҷикӣ сурудаанд.

Навори иҷрои гимни Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ аз тарафи донишҷӯёни рус дар шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники ва ютуб тарафдорони зиёд пайдо карда ва аксари корбарони шабакаи иҷтимоӣ онро писандаанд.

Яке аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ ба суоли ин ки, Шумо суруди миллии худро медонед, дар ҳоле, ки «Донишчуёни донишгоҳи шарқшиносии Маскав, аз гуруҳи забони тоҷикӣ суруди миллии(гимни) Тоҷикистонро месароянд?», баҳси гармеро ба вуҷуд овардааст.

Ин видеоро асосан  корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон писанд кардаанд.

Навори гимн дар иҷрои донишҷӯёни рус инҷост:

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75