Президент аз бадахшониён даъват кард, барои таъмини амният бо ҳукумат ҳамкорӣ кунанд

Субҳи имрӯз, 28 июн, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон мулоқот намуда, вазъияти иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва дурнамои иқтисодии рушди вилоят барои 25-солро мавриди гуфтугӯ ва таҳлил қарор дод.


Дар ин хусус хабарнигори  аз шаҳри Хорӯғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мо хабар дод.

Президент дар суханрониаш таъкид намуд, ки дар ин муддат беш аз 7 миллиард сомонӣ ба Бадахшон сармоягузорӣ сурат гирифт, ки барои рушди ин вилоят кӯмаки беандоза мебошад. Инчунин, таъкид гардид, ки масъалаи муҳиме, ки минбаъд мавриди таваҷҷӯҳи ҳукумат қарор мегирад, ин бунёди роҳҳо ва сохтмону дигар иншоотҳои зарурӣ ва  корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим то Шаҳритӯс бо Афғонистон 70 фоиз сарҳад дорад. Дар муддати сиючанд сол инҷониб ҷангҳои шадид дар он сӯйи марз-Афғонистон идома дорад ва қудратманд кардани неруҳо дар ин минтақа ба хотири таъмини амнияти сокинони Бадахшон аст. Ӯ, ҳамчунин, аз мардуми Бадахшон даъват ба амал овард, ки барои таъмини амният бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар майдони ҳавоии шаҳри Хорӯғ парадаи низомиёни муқими Бадахшонро қабул кард ва аз онҳо хост барои ҳифзи сарҳади  давлатӣ талош кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *