Ноҳияҳое, ки “Китоби  Сурх”-ро намедонанд гӯшмол гирифтан

Ба иттилои   сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти  вилояти  Суғд  Темурҷон  Нӯмонзода давоми соли 2017 дар асоси нақшаи кории Раёсат аз тарафи нозирони шуъба фаъолияти Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангали ноҳияи Ашт ва Истаравшан санҷида шуд. Дар натиҷаи санҷиш 2 адад санадҳои санҷишӣ, 3 адад санадҳои азназаргузаронӣ, 4 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 2  адад амрнома тартиб дода шудааст.

 

Нӯмонзода

 Ба гуфти сардори Раёсат дар асоси нақшаи кории тасдиқшудаи шуъба дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Б.Ғафуров, Спитамен, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Деваштич, Панҷакент, Хуҷанд, Исфара амалиётҳои фаврӣ оид ба ошкор намудани бурриши ғайриқонунии дарахтон, аз меъёр зиёд ва бе чиптаи ҷангал чаронидани чорво, шикор ва фурӯши ғайриқонунии ҳайвонот, сайди ғайриқонунии моҳӣ, бе иҷозатнома ҷамъоварии гулу гиёҳҳои шифобахш ва ба “Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохилшуда гузаронида, санадҳо ва протоколҳо тартиб дода шуд.

                         

Дарахти сабзи сояафкан

                         10309 супоришҳои ҳатмӣ ба роҳбари объектҳо

Дар давраи ҳисоботӣ кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва   сохторҳои зертобеъи он барои иҷроиши вазифаҳои хизматӣ дар 1029 объектҳо санҷишҳо гузаронид, ки аз он нақшавӣ – 810, ғайринақшавӣ – 127, такрорӣ – 86 ва иловагӣ – 6 мебошад. Барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида, ба роҳбарони объектҳо 10309 супоришҳои ҳатмӣ дода, аз он 7607 ададаш иҷро шудааст.  Агар соли 2017 ба  роҳбарони 10309 объектҳо супоришҳои ҳатмӣ дода шуда бошад, ки ин теъдод дар соли 2016  ба 11338 баробар буд, ки 1029 ада зиёд аст.

                   1042 даъво нисбати “зараррасонҳои табиат”

Барои расонидани зарар ба табиат 1042 иддао ба маблағи 169308,1 сомонӣ ҷуброни зарар пешниҳод карда, то ҳол 800 ададашон ба маблағи 142253,9 сомонӣ рӯёнида шудааст. Ба суди иқтисодӣ 24 адад мавод барои баррасӣ ба маблағи 616854,2  сомонӣ пешниҳод гардида ва маблағи рӯёнидашуда 173461,6 сомониро ташкил медиҳад.  Барои вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист фаъолияти 93 объект муваққатан боздошта шуд. Барои ситонидани ҷаримаву зарар ба суд 839 парванда ба маблағи 204829,7 сомонӣ пешниҳод гардида, 111008 сомонӣ рӯёнида шуд. Ба прокуратураи шаҳру ноҳияҳои вилоят 468 парванда ба маблағи 104148,4 сомонӣ пешниҳод гардида, 71050,8 сомониаш ситонида шуд.

                        200 ҳолати бурриши ғайриқонунӣ ошкор шуд

Соли 2016 дар ҳудуди вилояти Суғд беш аз 200 ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон ба қайд гирифта шудааст. Ба гуфти сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Темурҷон Нӯмонзода ҳолати ғайриқонунӣ буридан ва ё решакан кардани дарахтон бештар дар ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Шаҳристон ба қайд гирифта шуда буд, ки ба гуфти мутахасисони соҳа ин ҳол нигаронкунанда ва барои муҳити экологӣ бисёр таъсиррасон аст. 

Инчунин дар семоҳаи якуми соли 2017 дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи  олами наботот 244 объект аз ҷониби масъулин санҷида шуда, 289 адад супориши ҳатмӣ барои бартараф намудани камбудиҳо дода шуд.  Агар соли 2016 41 адад мавод ба суди иқтисодӣ барои баррасӣ пешниҳод шуда бошад, дар 3 моҳи соли ҷорӣ ба суд 8 мавод оиди ғайриқонунӣ буридани дарахт ирсол гардидааст гуфт, Абдурасул Каримов, сардори шӯъбаи ҳифзи олами набобат ва ҳайвоноти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

 

                     Ҳам ғайриқонунӣ дарахтбурӣ  ҳам шикоят

Каримов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки имрӯз шумораи афроди ғамхору дилсӯзи табиат кам шуда истодааст. Аммо баръакс нафароне, ки бераҳмона даст ба дарахтбурӣ зада, дарахти сабзро ба хокистар табдил медиҳанд зиёд шудаанд:-Ҳастанд ҳолатҳои шаҳрвандон аз нодонӣ ё заруриятҳои иҷтимоӣ даст ба буридлани дарахтон мезананд. Онҳое, ки даст ба нобуд кардани дарахтони сабз мезананд, маъмулан аз он шиква мекунанд, ки барои захираи ангишт дар зимистон ва ё василаҳои дигари гармидиҳии манзил ва таҳияи ғизо, мисли ҳезум ё таппак маблағи кофӣ надоранд. Сокинони деҳот аз он ҳам шикоят мекунанд, ки дар сурати таъмини манзилашон бо барқ, фурсати гарм кардани манзил ва таҳияи ғизои гарм бо оташдони барқӣ кифоят намекунад ва ҳам қимати барқ барояшон гарон мешавад.

Аммо вақте ки аз ҷониби кормандони ҳифзи масъулини Раёсат ё кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дасгир мешаванд, танҳо баҳона пеш меоранд, ки онҳо намедонистанд, ки пеш аз дарахтро буридан ба кормандони ҳифзи муҳити зист муроҷиат карда, иҷозат гирифтан даркор аст. Вале маълум аст, ки инҳо ҳама баҳона аст, шояд аз надонистани қонуну қарорҳои махсус оид ба ҳифзи муҳити зист ва эмин доштани дарахтони сабз бархе аз шаҳрвандони деҳоти дурдаст  бехабар бшанд, зеро ба матбуот ва дигар ВАО дастрасии кам доранд (ҳатто надоранд), аммо надонистани қонун касро аз ҷавобгарӣ озод намекунад.

 

                   Ба кормандони экология муроҷиат карда хотирҷамъ шудам

Неъматов Ҳайдар, собиқадори маҳаллаи Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки ӯро дар ноҳия ҳамчун боғпарвар мешиносанд чанде пеш ба муаммои дарахбурӣ рӯ ба рӯ шуд. Номбурда, ки ба шинонидани дарахтон ва пайванду парвариши  онҳо завқ зиёд дорад, 15 сол пеш дарахтеро  шинонида нигоҳубин мекард. Вале чанде пеш масъулини соҳаи маориф омада гуфтанд, ки мо ин дарахтҳоро решакан карда, ба ҷои он панҷараҳои мактаб (№26-и ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров)-ро нав мекунем. Ман розӣ нашудам ва ба кормандони экология муроҷиат кардам. Ба ҳамин то ҳол  он дарахтон аз эҳтимоли бурридашавӣ эмин монда, рӯз то рӯз сабзу хуррамтар шуда истодаанд.

 -“Ба кормандони экология муроҷиат карда дарахти сабзу дастпарварамро аз нобудшавӣ эмин доштам. Акнун хотирам ҷамъ аст, ки кормандони соҳаи мазкур бохабар шуда меистанд, ки мабодо ин дарахтро касе бо баҳонае решакан накунад.   Бо вуҷуди ини нигаронам, мабодо аз набуданам истифода карда дарахти парвардаамро бибуранд. Барои ҳамин ҳар замон аз тирезаи хона ба дарахт нигоҳ мекунам, то хотираш ҷамъ шаваду хобам роҳат бошад”-мегӯяд мард.

 

Меъёрҳои ҳисоб кардани товони зарар дар дарахтбурӣ

 

Синну соли дарахту буттаҳо Меъёри товони зарар (Х)
1 Барои ҳар як дарахти зарардидаи то 5-сола
2 6-10 сола
3 Аз 10 боло
4 Барои ҳар як буттаи зарардида

Меъёрҳои ҷуброни товони зарар ба фонди ҷангал дар натиҷаи ҷамъоварии худсаронаи  маҳсулоти худрӯйи ҷангал (чормағз, писта ва бодом) расидашуда аз рӯи маҳсулоти хушк ба ҳисоб гирифта мешавад.

 

Намуди меваҳои худрӯй Меъёри ҷуброни товони зарар (Х)
1 Чормағз 1,0
2 Писта 1,5
3 Бодом (талхдона) 1,0
4 Дулона 0,5
5 Санҷид 0,5
6 Хуч 1,0
7 Челон 1,0
8 Ангат 1,0
9 Тут 0,5
10 Анор 0,5
11 Хурмо 0,5
12 Биҳӣ 0,3
13 Себ 0,5
14 Мурут(ҳамаи намудҳояш) 0,5
15 Олуча ва олуболу 0,5
16 Зардолу 1,0
17 Ангур 0,5
18 Яхма 0,
19 Бодом (шириндона) 1,5
20 Дигар намуди меваҷоти худрӯй 0,5

                         Мутахассисони соҳаи экологӣ чи мегӯянд?

Имрӯз яке аз масъалаи муҳими экологӣ буридани ғайриқонунии дарахт мебошад. Масъалан ташкилоти байнамилалии  GIZ  оид ба муаммои табиат таҳқиқот бурд. Дар натиҷаи таҳқиқот муайян гашт, ки аз соли 1990 то соли 2016 дар ҷумҳурӣ 17%-и бешабоғҳо несту нобуд шудаанд. Ба гуфтаи мутахассисони  ташкилоти мазкур барои барқарор кардани 0,5 %-и  боғзорҳои нобудшуда  10 сол лозим аст.

Мутахассисони соҳаи экологӣ ба онанд, ки дар ҳолати пешгирӣ накардани буридани ғайриқонунии дарахтон хатари шамоли шадид, нест шудани ҳайвоноти нодир ва вайроншавии таркити хок (эрозия), селхезӣ ва дигар хатарҳо ба миён меояд. Пас барои пешгирӣ аз ин гуна хатарҳо бояд ҳар фард, ки худ узви ҷудонопазири табиат аст, ғамхори табиат бошад.

                                                                                                                 Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *