Ноболиғи оворагард ба мактаби махсус супорида шуд
Кормандони бахши кор бо ноболиғон дар ноҳияи Шоҳмансур як ноболиғро, ки ба оворагардӣ машғул будааст, ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ супоридаанд.
Тибқи иттилои Раёсати ВКД дар Душанбе, наврас ҳоло ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ҳамзамон ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар машғул аст.
Мақомот мегӯянд, назорат дар ин самт тақвият дода мешавад. Аз волидайн хоста шудааст, ки нисбат ба таълиму тарбияи фарзандон беэътино набошанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ