«Номаи эъҷоз»-и Фарзона

«Номаи эъҷоз» маҷмӯаест дар нақду баррасии ҷойгоҳи Фарзонаи Хуҷандӣ дар адабиёти имрӯзи тоҷик, ки аз ҷониби нашриёти «Ношир» дар шаҳри Хуҷанд ба нашр расид. Ин китоб (дар ҳаҷми 632 саҳифа) маҷмуаи мақолаҳои соҳибназарон ва аҳли таҳқиқ роҷеъ ба ҷойгоҳи Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар адабиёти имрӯзи тоҷик ба ифтихори 60-солагии эшон аст.

Гирдоваранда ва вероишгари ин китоб адабиётшиноси шинохта, доктори илмҳои филологӣ, профессор Матлубаи Мирзоюнус ва банда Субҳони Аъзамзоданд. Ин китоб маҳсули андешаву кори кафедраи адабиёти муосири тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст.

Пешгуфтори «Номаи эъҷоз» – «Фурӯғи сухан ва ҷодаҳои таҳқиқ» ба қалами профессор Матлубаи Мирзоюнус навишта шуда ва худи китоб аз ду бахш фароҳам омадааст:

Дар бахши аввал – «Ҷойгоҳи шеър ва ҷаҳони андешаҳои Фарзона дар нақди аҳли таҳқиқ ва адаб» 30 мақола ва дар бахши дувум – «Гулчини мақолаҳои ҳамоиши илмии байналмилалии «Мақоми Фарзона дар адабиёти муосири тоҷик» 75 мақола ҷой ёфтаанд. Муаллифони мақолаҳои «Номаи эъҷоз» аз Инглистон, Олмон, Эрон, Ӯзбекистон, Олмон ва Тоҷикистонанд.

Мақолаҳо дар ин китоб тайи солҳои 1985-2025 аз ҷониби соҳибназарон таълиф шуда ва як бахши дигар маводи ҳамоиши илмии байналмилалие аст, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров соли гузашта дар 60-умин солгарди Шоири халқии Тоҷикистон устод Фарзона доир кард. Пас метавон гуфт, ки мақолаҳо фосилаи чиҳил соли шаклёфти равандҳои фарзонашиносиро дар илми сухансанҷии мо боз менамояд. Аввалин мақолаҳо аз устодон Лоиқ Шераливу Сотим Улуғзода ва охиринашон аз магистрантони имрӯзаи донишгоҳ аст.

Субҳони АЪЗАМЗОД,

номзади илми филология

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *