Номаи сарво ба ҳунармандон
Мӯҳтарам ҳунармандони Театри академӣ-драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ!
Ман Одили Нозир! Шояд аз ангуштшумортарин (ба синну сол) ҷавоне, ки бо хоҳиши худ театр меравам ва он ҳам ҳамеша ба театри шумо! Фикр мекунам, дар репертуари шумо намоишномае набошад, ки ман онро тамошо накарда бошам (дар се соли охир). Аз «Муҳаббат» сар карда, то «Хизматгори ду Хоҷа»-ву «Чодари найранг»-у умуман қариб ҳамаашро. Дар ҳамин се- чор соли охир (ҷуз ҳамин сол) рӯзи матбуотро ҳам он ҷо мегузаронидем. Ман дар саҳнаи муқаддаси он чанд бор баромад ҳам кардаам ва он ҷо ҷоиза ҳам гирифтаам. Ин муҳим нест. Муҳим он аст, ки ман нисбати ин бинои муқаддас эҳтиром дорам. Ман ҳунарнамоии Муҳаммадҷон Қосимов, Миркарим Саидов, София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тӯҳфа Фозилова, Маҳмудҷон Воҳидов, Ато Муҳаммадҷонов (Худо раҳматашон кунад) Ҳошим Гадо, Хайрӣ Назарова, Мушаррафа Қосимоваро (доим саломат бошанд) аз наздик надидаам, аммо ҳамин, ки вориди бинои театр шудам, аз таърихи дур садои марғуладори Маҳмудҷон Воҳидовро мешунавам…
Аз даҳлезҳои ороми ин бино «мепарварам»-гӯйиҳои Тӯҳфа Фозилова ҳамеша садо медиҳад…
Аслӣ Бурҳонов, София Тӯйбоева… ҳанӯз ҳам дар ин бино ҳастанд…
Либосашон он ҷост… парикашон он ҷост… аксашон… аз ҳама муҳим мактабашон… қалбашон… рӯҳашон… худашон…
Ин бино далели он аст, ки тоҷик 90 сол пеш театр дошт…
90 сол пеш актёр дошт…
Асар дошт…
Ҳунар дошт…
Ин бино Шекспирро аз Англия ба Тоҷикистон овард…
Сафоклро… Голдониро… Чеховро…
Ин бино дар таърихи тамаддуни форсизабонон бори аввал Рӯдакиро аз асри 10 ба 20-у 21 овард! Фирдавсиро… Рустамро… Лайливу Маҷнунро…
Ман инро ҳис мекунам… Шуморо намедонам…
Чанд моҳ боз хабари вайрон кардани бинои театри Шумо расонаӣ аст! Дар сомонаҳои иҷтимоӣ то 100 ҳазор тоҷикистонӣ ба Президент мактуби кушода карда, дар зераш имзо карда, хостанд пеши роҳи онро гиранд! Дар ҷумҳурӣ ягон нашрияе набуд (ҷуз лаббайгӯякҳо), ки дар ин мавзӯъ мавод нашр накарда бошанд! Яъне ҳанӯз мардум ба таърих ва қисмати маконҳои таърихӣ бетараф нестанд! Аммо кори шумо ма(о)ро дар ҳайрат гузоштааст. Дар Тоҷикистон ҳама зидди вайрон кардани ин биноҳо баромад, ҷуз худи ШУМО! Ҳама хост, ки театри Лоҳутӣ пойбарҷо бошад, ҷуз ШУМО!
Ман намедонам, шумо куҷо ҳастед!? Не дуруст, аст, ки агар ягон хабарнигор наздатон равад, базӯр ягон чиз ҷавоб медиҳед… аслан маълум нест, ки зид ҳастед ё тарафдор, ки ин таърихкадаро тикаю пора кунанд!? Ман ба Шумо ҳайронам!
Носир Ҳасанов!
Хайрӣ Назарова!
Марям Исоева!
Улфатшо Аҳмадшоев!
Тӯрахон Аҳмадхонов!
Гулсара Абдуллоева!
Ортиқи Қодир!
Саодат Азизова!
Қурбони Собир!
Саврӣ ва Соро Сабзаалиева!
Қиёмиддин Чақалов!
Асалбек Назриев!
Шералӣ Абулқайсов!
Мастура Ортиқова!
Ибодулло Машрабов!
Муҳаммадкарим Машрабов!
Бетарафхо…
Чаро то ҳол ягон мактуб ё изҳороте, ки зераш имзои Шумо бошад, нашр нашудааст? Чаро?
Ҳеҷ гумон надоштам, ки Ҳошим Гадо… ором меистад…
Барои сиёсатмадору меъмор таърих арзише надорад!
Аммо шумо -ку сиёсатмадору меъмор нестед! Чаро хонаатонро ҳимоя намекунед! Чаро исбот намекунед, ки ин бино бояд истад! Кош вайрон бошад! Кош бекор бошад, аммо бошад…
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояш аз Шумо, аз фарҳанг, аз театр аз ҳунар, аз санъат, аз таърих ҳимоя мекунад…
Шояд ӯ ягона роҳбар дар миёни раисҷумҳурҳои Осиёи Марказӣ бошад, ки театри миллӣ месозад…
Аммо ҳеҷ не, ки аз Шумо садое шавад. Кош ду- се танатон мисли ӯ барои таърих дилатон месӯхт. Кош дили вайронгарон месӯхт…
Медонед, пӯшида нест, ки…
…маҳз насли Шумо буд, ки театри тоҷикро ба арш баровард ва имрӯз ба фарш фаровард!
Шумо будед, ки мардум барои намоишномаҳоятон навбат истода чипта мехариданд!
Шумо ҳастед, ки имрӯз мардумро «баста» театр мебаред… бо вуҷуди ин ҳам намераванд…
Шумо будед, ки театр муқаддас буд…
Шумо ҳастед, ки театр масхара шуд!
Шумо зиёӣ ҳастед- интлегентсия – яъне нур!
Шумо машъалдолрони фарҳангед!
Шумо соҳибони фарҳангед!
Шумо мардумро аз қафоятон бояд баред!
Ҷасорат… матонат… шуҷоат… эҳтироми фарҳанг, дастовардҳои фарҳангӣ… таърихро аз шумо омӯзад. «Ман» ва «моли ман», «миллати ман» «фарҳанги ман» «ҳунари ман» «санъати ман» «театри ман» ва барои ҳимоя, нигоҳдории онҳо аз тамоми васила истифода карданро аз Шумо ёд гиранд!
Аммо Шумо бетарафед!
Маълум аст, ки қарор, ки қабул шуд театрро вайрон мекунанд!
Ягон кас на гапи шуморо гӯш мекунад на аз моро! Аммо барои таскин ақалан коре накардед! Мақолае нанавиштед! Ҷуз ду- се сӯҳбат, ки мавқеатон маълум нест! (ҳамаатон ба тарҷумаи ҳолнависӣ машғул! шояд вақт надоред, ки чор ҷумла барои ҳимояи театратон нависед!)
Ҳайф!
Бо театр тоҷикон солҳо пеш падруд гуфта буданд, сабабашро медонед?
Ва шумо бо биноатон падрӯд гӯед…
Ҳунар! Агар София Тӯйбоева, Аслӣ Бурҳонов, Ато Муҳаммадҷоновро… дидӣ бигӯ, ки дар ватане, ки барояш ҳунар сохтед, фарҳанг сохтед, театри аврупоиро миллӣ кардед, яъне сохтед… мактаб сохтед ҳама фано шуд…
Бигӯ, ки шуморо қадр накарданд…
Бигӯ, ки ду -се сол пас ҳатто ёд намекунанд!
Бигӯ…
Бигӯ, ки он ҷо ҳеҷ кас парвои шуморо надорад!
Бигӯ!
Алвидоъ, ҳунар!
Салом шарлатанӣ… бетаърихӣ… бемактабӣ…
Алвидоъ, ғаюрӣ… ҷасурӣ… зиёигӣ…
Салом бетарафӣ…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ