Норасоии табибон дар Хатлон. Мушкилӣ як муддат боқӣ мемонад!

Феълан дар вилояти Хатлон норасоии табибон ба 1 ҳазору 157 нафар баробар аст. Бо вудуди ин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 63 табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.

Шайдулло Шарифзода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти мутбуотии хеш иддао кард, ки то чанд соли дигар мушкилии норасоии мутахассисони тиб боқӣ мемонад: “Баъди вохӯрии Роҳбари давлат бо фаъолони вилоят дастурҳои зиёд шуд. Мувофиқи нақша-чорабинӣ коҳиш додани норасоии кадрӣ бисёр мушаххас аст. Донишгоҳҳо бисёр хуб кор карда истодаанд. Мо имконият дорем, ки дар ду соли оянда норасоии кадриро пурра барҳам диҳем”.

Шайдулло Шарифзода афзуд, ки ҳоло дар вилояти Хатлон мутахассисони асабшинос, асабшиноси кӯдакона, мутахассиси табобаткунандаи беморони сӯхта ва ревматолог намерасад.

— Ҳоло дар вилояти Хатлон як табиб дорем, ки беморони сӯхтаро табобат мекунад. Чунин мутахассисон дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳам намерасанд,- мегӯяд вай.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.