Numbeo: Душанбе ба феҳристи шаҳрҳои дорои арзонтарин шароити зист дар ҷаҳон шомил шуд
Шаҳри Душанбе дар раддабандии байналмилалии Cost of Living Index by City 2026 ҳамчун яке аз шаҳрҳои дорои арзонтарин шароити зист дар ҷаҳон ҷой гирифт. Рейтингро платформаи таҳлилии Numbeo нашр кардааст.
Бар асоси ин арзёбӣ, пойтахти Тоҷикистон дар зинаи 437-ум қарор гирифтааст, ки Душанберо дар гурӯҳи шаҳрҳои дастрастарин барои зиндагӣ қарор медиҳад.
Тибқи маълумоти Numbeo, индекси арзиши зиндагӣ дар Душанбе 28,6-ро ташкил медиҳад. Ин нишон медиҳад, ки хароҷоти асосии зиндагӣ дар пойтахт тақрибан 3,5 маротиба камтар аз Ню-Йорк аст, ки дар рейтинг ҳамчун меъёри муқоиса истифода мешавад.
Ҳамчунин:
Индекси иҷораи манзил — 11,3
Индекси нархҳо дар тарабхонаҳо — 20,6
Индекси умумии зиндагӣ бо назардошти иҷора — 20,9
Ин нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки сарбории молиявӣ барои хонаводаҳо дар Душанбе нисбатан паст буда, хароҷоти рӯзгор барои сокинон ва муҳоҷирони эҳтимолӣ дастрас арзёбӣ мешавад.
Numbeo раддабандии худро бар асоси маълумоти корбарон дар бораи нархи манзил, ғизо, нақлиёт ва дигар хароҷоти рӯзмарра таҳия мекунад ва он яке аз манбаъҳои маъруфи муқоисаи сатҳи зиндагӣ дар шаҳрҳои ҷаҳон ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ