Милитсия як нафарро бо гумони ташкили фоҳишахона боздошт кардааст
Кормандони милитсия як духтари 21-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир карданд.
Ба иттилои мақомот, гумонбаршаванда аз 26 декабри соли 2025 то 12 январи соли 2026 дар ҳудуди минтақаи истироҳатии “Хуррамдара”-и ноҳияи Шаҳристон барои алоқаи ҷинсӣ байни як марди 34-сола ва як зани 37-сола, сокинони ҳамин ноҳия, шароит фароҳам оварда, бар ивази ин хизмат 700 сомонӣ гирифтааст.
Нисбати ӯ бо қисми 1 моддаи 239 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ