Оғози ислоҳот дар соҳаи почтаи тоҷик
23 феврали соли 2026 байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Сервис и Технология» созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди низоми почтаи Тоҷикистон: автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ» ба имзо расонида шуд.
Созишномаи мазкур ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва ҷорӣ намудани низоми муосири автоматикунонии раванди муросилоти почтавӣ равона гардидааст. Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳои почтавӣ беҳтар шуда, равандҳои коркард, ирсол ва назорати муросилот мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд.

Дар доираи лоиҳа хизматрасониҳои логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо такмил ёфта, имкониятҳои нав барои рушди савдои электронӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ фароҳам оварда мешаванд. Ин иқдом ба таҳкими зерсохтори коммуникатсионӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 5 миллион долларро ташкил дода, маблағгузории пурраи он аз ҳисоби шарики хусусӣ – ҶДММ «Сервис и Технология» таъмин мегардад.
Тибқи нақша, дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 150 ҷойи кори нави доимӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 500 нафар кормандони соҳаи алоқаи почта ба равандҳои нави муосир ҷалб карда мешаванд.
Ин лоиҳа ҳамчун қадами муҳими нав дар самти рақамикунонӣ ва навсозии низоми почтаи кишвар арзёбӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ