Оғози комиссияи оташбас дар пайи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Барои  назорати риояи оташбас дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон комиссияи муштарак ташкил шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки нимаи дуюми имрӯз, 16 сентябр таҳти роҳбарии раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев доир шуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои назорати риояи оташбас дар минтақаҳои марзӣ комиссияи муштарак ташкил карда шавад.

Дар натиҷа зери роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев комиссияи муштарак ташкил гардид.

Вазифаи асосии комиссияи муштарак назорати риояи оташбас дар минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, комиссия кори худро оғоз намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.