Обхезии шадид дар Ветнам боиси марги зиёда аз 41 нафар гардид

Дар минтақаи марказии Ветнам боришоти сахт дар давоми чан рӯз боиси ба амал омадани сер ва обхезӣ гашт, менависад “Al-Jazeera”.

Ба навиштаи «Peopl.com», дар ин ҳодиса ҳадди ақал 41 нафар кушта шудааст ва 9 нафар нопадид гаштаанд. Беш аз 52 ҳазор хона зери об мондаанд. Имкони барқ ва хатҳо вайрон гашта тақрибан 500 ҳазор хона ва муассиса бе барқ мондаанд.

Зарари иқтисодӣ ба ҳисоби пешакӣ ба 496 миллион долар арзёбӣ шудааст, навиштаат “ VnExpress International”. Оморҳои зикр гардида метавонад тағйир кунад, зеро то ба ҳол хисоротҳо пурра барасӣ нашудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 24- уми ноябр ба Президенти Ветнам Лионг Кионг барқияи изҳори тасллӣ равон карданд.

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти сангин бар асари боришот ва обхезиҳои шадид дар Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, боиси андуҳи амиқи мо гардид. 

Вобаста ба пайомадҳои ин ҳодисаи харобиовар ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Ветнам изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу оҷил хоҳонем».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *