Оғози ҳафтаи китоб дар Хатлон
Ба хотири “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар намоиш – фурӯши китоб идома дорад.
Рухшонаи Шералӣ, директори Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки Фестивали мавриди назар то 9 – уми апрел идома хоҳад кард.
Ӯ мегӯяд, дар ин рӯз, беш аз 10 ҳазор китоби бачагона, бадеӣ ва илмӣ ба номоиш – фурӯш гузошта шуд.
Фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Рухшонаи Шералӣ афзуд, ки баргузории фестивал ва вохурии шоирону адибон бо кӯдакону наврасон дар баланд кардани шавқи китобхонӣ ва дӯстдоштани китоб нақши муассир хоҳад гузошт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ