Олмониҳо: Канслер истеъфо диҳад!

Аксари олмониҳо бар ин боваранд, ки канслери онҳо «бисёр хаста шудааст ва бояд курсии худро зудтар холӣ кунад». Онҳо аз сиёсати пешгирифтаи ӯ норозиянд.

Хонандагони рӯзномаи олмонии Bild аз сиёсати садри аъзами Олмон Олаф Шолтс ва Бундестаг интиқод карданд. Сабаби баҳс матлабе буд, ки тибқи он Олмон андоз аз партовҳои гази карбонро афзоиш медиҳад.

«Ҳукумат дар ҳама ҷабҳаҳо ноком шуда, ба аҳолӣ зарар мерасонад! Онҳо ҳатто бо хоҳиши худ истеъфо намедиҳанд. Вале шонси дигар надоранд»,- навиштаанд корбарон.

Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия барои ҳифзи Донбасс аз миллатгароёни украинӣ, ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Маскав таҳримҳо ҷорӣ карданд.

Бисёре аз иёлот дар бораи ях кардани дороиҳои Русия эълон карданд, давлатҳои дигар аз гази Русия даст кашиданд. Аммо бояд гуфт, ҳамаи ин тадбирҳо ба худи мамлакатҳои Ғарб зарбаи сахт расонд. Ҳоло дар аксар кишварҳои ғарбӣ таваррум ба ҳадди рекордӣ расида, ҳамчунин нархи маводи озуқа ва сӯзишворӣ ниҳоят гарон шудааст. 

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.