Ҷоми аввалини Раиси шаҳри Душанбе

Шоми 19 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ноиби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Анвар Урунов ва дигарон зимни ифтитоҳи чорабинӣ гуфтанд, ки  дар мусобиқа  48 даста аз вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои пойтахти кишвар иштирок мекунанд.  Сухангӯён ин мусобиқаро «Ҷоми аввалини Раиси шаҳри Душанбе» унвон карданд.

Имрӯз дар пойтахт баҳри рушди футбол, ки барои ҷавонон варзиши оммавӣ ва рақами якум ба шумор меравад, зиёда аз 70 майдончаи ҳозиразамон аз ҷониби вазорату кумитаҳо ва дигар  сохторҳои давлатӣ сохтаю ба истифода дода шудааст. Иншооти мазкур хуб ҷиҳозонида шуда, ҳамеша ба рӯйи мухлисони футбол боз аст.

Мусобиқаи мазкур то 16 ноябр идома ёфта, дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибони мусобиқа бо ҷоизаҳо, медалу дипломҳо ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ мешаванд.

Рӯзи Президенти Тоҷикистон моҳи майи соли 2016 таъсис ёфта, бори нахуст таҷлил гирифта шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *