Ҷоми шаҳрдории Душанбе аз «Динамо» шуд

Давоми як моҳ бахшида ба 26-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, вазорату идораҳо ва корхонаҳо мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» давом кард.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ соҳиби ҷойи аввалу Ҷоми шаҳрдорӣ ва медалҳои тилло гардид.  Ҳамчунин беҳтарин бозингарон бо диплом ва ҷоизаҳо мукофотонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ» ҷиҳати рушди варзиш, солимии ҷомеа ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар пойтахт ҳамасола аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *