Ошкори 13 ҳазору 420 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин

Соли 2025 дар Тоҷикистон 13 ҳазору 420 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардида, 10 ҳазору 66 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд.

Бино ба иттилои раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода, нозирони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатӣ 107 ҳолат, кумитаҳои идораи замини вилояти Хатлон 5670 ҳолат, Суғд- 4807 ҳолат, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон- 451 ҳолат ва кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2385 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намудаанд.

Барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоршудаи қонунвайронкунӣ 12218 дастур дода шуда, нисбат ба 11 677 ҳолат парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд. Ҳамчунин барои додани баҳои ҳуқуқӣ 1035 мавод ба прокуратура ва 927 мавод ба иҷрочиёни Хадамоти иҷро ирсол гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *