Сабти 177 ҳолати савдои одамон дар Тоҷикистон
Соли гузашта дар Тоҷикистон 177 ҳолати савдои одамон сабт шудааст, ки аз ин 10 ҳолат ба хариду фурӯши кӯдакон марбут аст.
Дар ин бора 13-уми феврал Хайриддин Илёсзода, сардори раёсати тафтишоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон зимни дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба ин ҳолатҳо алайҳи 73 нафар 56 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Аз ин шумора, 8 парванда ба ҳолатҳои савдои кӯдакон марбут мебошад.
Манбаъ афзуд, ки тафтиши ду парванда ҳоло идома дорад ва дигар парвандаҳо барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ