Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро ба муносибати Соли нави чинӣ табрик гуфт
Дирӯз, 15 феврал Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми видеоӣ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба ифтихори оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор табрик кард.
Сарвари давлат ба ҳамтои чинии худ сиҳатмандии бардавом, нерӯи устувор ва дастовардҳои нав дар фаъолияти давлатӣ орзу намуда, ба мардуми Чин сулҳу субот ва рушди пойдор таманно кардааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ таъкид намудааст, ки Тоҷикистон ва Чин дар доираи сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии бисёрҷониба ҳамкории зич доранд.
«Саҳми шахсии Шуморо дар пешбурди ин равандҳои созанда мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон баланд қадр мекунам», -гуфтааст Президенти Тоҷикистон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ