Пиёз-давои дарди гулӯву сулфа
Хусусияти шифобахшии пиёз ниҳоят бисёр мебошад. Аз он дар тиби халқӣ ҳамчун малҳам, дар захмҳои гуногун: чипқон, синга, колит, атеросклероз, гипертония, авитаминоз, манқа, тумов, ҳатто барои хориҷ кардани кирмҳои мудаввар (остритса) истифода мебаранд.
Пиёз дар организми одам хусусияти кам кардани миқдори қандро низ дорад. Бо сабаби ин ба таомҳои суюқ бисёртар андохтани пиёз тавсия карда мешавад.
Маслиҳати муфид:
1. Як истакон шарбати пиёзро бо ҳамин миқдор асал омехта кунед. Аз ҳамин малҳам дар як рӯз се маротиба як соат пештар аз таом дар давоми 2 моҳ якқошуқӣ истеъмол кунед, склерози майнаро даво мебахшад. Ду ҳафта танаффус карда, боз 2 моҳ хӯрдан тавсия карда мешавад.
2. Барои халос шудан аз кирми мудаввар дар як рӯз 15-20 грамм пиёз истеъмол карда мешавад ва табобат ҳафт рӯз давом мекунад.
3. Ҳангоми грипп ва шамолхӯрии роҳи нафас пиёзро майда реза карда, дар сар рӯмол гирифта, онро бӯй кунед, натиҷа медиҳад.
Таъкид!
Пиёзи хомро беморони гирифтори шадиди меъда, гурда ва ҷигар набояд истеъмол кунанд. Оби пиёзро ба бинӣ чаконидан низ мумкин нест, зеро он ба луобпардаи илтиҳобӣ таъсири бад мерасонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ