Ошкори фасодхона дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Сино
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Меҳринигор Раҳмонова, соли таваллудаш 2002, бо гумони ташкили фасодхона дастгир карда шуд.
Тавре муайян гардид, номбурда дар манзили иҷоравии худ, воқеъ дар кӯчаи Ҳувайдуллоев 218-и ноҳияи Сино, барои истеъмоли воситаҳои нашъадор шароит фароҳам оварда, мунтазам шаҳрвандоне, ки ба истеъмоли маводҳои нашъадор майл доранд, дар он ҷо ҷамъ мешудаанд.
Зимни чорабиниҳои оперативӣ кормандони милитсия ҳангоми ба истеъмоли воситаҳои нашъадори навъи «метамфетамин» машғул будани шаҳрвандон Бобоев Ш.С., Насриддинова М.А., Давлатова Ф.Б., Одинаев М.М. онҳоро дастгир намуданд.
Ҳангоми гузаронидани кофтуков аз манзили истиқоматии Раҳмонова асбобҳое, ки барои истеъмоли воситаҳои нашъадор истифода мешаванд, ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира гардиданд.
Айни замон дастгиршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ