Эрон музокира бо ИМА-ро рад кард ва таҳдидҳои низомиро таъкид намуд
Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 5-уми март дар мусоҳиба бо шабакаи амрикоии “NBC” изҳор дошт, ки кишвараш ҳеҷ дархосте барои оташбас ё музокира бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико надодааст.
Вазир таъкид кард, ки тамосҳои қаблии Эрон бо музокиракунандагони Амрико, аз ҷумла Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер натиҷаи мусбате надоштаанд ва дар давоми соли гузашта ва имсол ду маротиба музокираҳо оғоз шуданд, вале ҳамлаҳо аз ҷониби Амрико идома ёфтанд.
Ароқчӣ дар бораи эҳтимоли ҳамлаи заминӣ аз ҷониби Амрико гуфт, ки нерӯҳои низомии кишвараш омодаанд ва мутмаин аст, ки муқобилият бо сарбозони амрикоӣ “фоҷиабор хоҳад буд”.
Ҳамчунин, вазир гуфт, ки Эрон ба пойгоҳҳо ва иншооти Амрико дар қаламрави кишварҳои ҳамсоя ҳамла кардааст. Дар заминаи ҳамлаи Амрико ба киштии Эрон “Дена”, ки дар он 87 нафар афсар дар уқёнуси Ҳинд кушта шуданд, Ароқчӣ онро “ҷинояти ҷангӣ” номид.
Дар бораи пуштибонии низомии Русия ва Чин, вазир таъкид кард, ки ҳамкории низомӣ бо Русия ошкор аст, вале ҷузъиёти бештар бо сабаби шароити ҷангӣ фош намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ