Тағйироти кадрӣ дар Суди Олӣ, Прокуратура ва ВКД
Имрӯз, 6 март дар сохторҳои қонунгузорӣ ва қудратии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳафиззода Тоҷиддин аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд озод гардида, ба вазифаи раиси суди ноҳияи Мастчоҳ таъин гардид.
Ҳамчунин, бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарварии давлат, Прокурор ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз кадрҳои кордону соҳибтаҷриба таъин шуданд.
Дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар низ Прокурор ва сардорони шуъбаҳои ВКД иваз карда шуданд.



Дар мулоқот бо кадрҳои нав, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рафъи камбудиҳо, мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирӣ аз истифодаи ғайримақсадноки замин ва таъмини тартиботу амну субот супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ, такмили ихтисос ва азхуд кардани донишҳои муосири техникӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ