«Ҳосилот» дар вохӯрии аввалин бо «Дордой» шикаст хӯрд

Дар бозии аввалини марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2017 дастаи «Ҳосилот»-и Фархор аз тими «Дордой»-и Бишкеки Қирғизистон бо ҳисоби камтарини 1:0 мағлуб гашт.

Ин бозӣ 21 феврали соли равон дар  варзишгоҳи марказии шаҳри Бишкек ба номи Аҳмадбек Суюнбоев баргузор шуд.  «Ҳосилот» пас аз майдон рондани бозигараш Содиқ Мусо бар зидди «Дордой» бо 10 бозигар муқовимат кард. Голи ягонаро ба дарвозаи меҳмонони тоҷик  дар дақтқаи 55-ум легионери ӯзбеки қирғизҳо Алишер Азизов зад.

Бозии ҷавобии марҳилаи плей-оффи  «Ҳосилот» бо  «Дордой» 28 феврал дар Ваарзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ба футболбозони «Ҳосилот» дар ин бозӣ танҳо пирӯз омадан зарур мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *