Падар барои ба марг расонидани фарзандаш дастгир шуд

Кормандони мақомоти милитсияи Тоҷикистон як сокини 40-солаи шаҳри Турсунзодаро бо гумони расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки боиси марги фарзанди ноболиғаш гардидааст, дастгир карданд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳодиса рӯзи 26-уми июли соли 2025, тахминан соати 10:00 рух додааст. Гумонбаршуда фарзанди 15-солаашро ба дуздии маблағ дар ду маврид муттаҳам дониста, барои иқрор гирифтани ӯ аз зӯроварӣ истифода бурдааст.

Ӯ писарашро бо воситаи нақлиёти шахсии тамғаи “Тико” ба як мавзеи беодам, воқеъ дар заминҳои ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бурда, бо ноқили тахминан 2-метра аз пой баста, канори дигари онро ба қафои мошин баста, тақрибан 100 метр кашола кардааст.

Дар натиҷа, ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, баъдан дар манзили истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати гумонбаршуда бо моддаи 110 қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *