Падари Бузургмеҳр Умаров: Марги писарамро сиёсӣ накунед!
Ман Тӯйчибой Умаров, падари Бузургмеҳр Умаров мебошам. Афсаре, ки чанд рӯз пеш аз бемории сактаи мағзи сар, дар беморхонаи шаҳри Исфара аз олам даргузашт. Ӯ оиладор ва ҳамагӣ 29 сол дошт. Марги писарам як тараф, аз ҷониби дигар овозаю ҳангомаҳо атрофи марҳум ханҷар ба ҷигари сӯхтаам аст.
Илтимос, марги писари маро сиёсӣ накунед. Вай сарбози оддӣ набуд, афсар, командир буд. Командири шуҷоъ буд, обрӯй дошт ва зердастонаш эҳтиром мекарданд. Ӯ дар роҳи муҳофизати сарҳад матонат ва ҷасорати беҳамто зоҳир кардааст. Ӯ ояндаи хуб дошт, аммо ин фарзанди шӯҳратманди маро Худо назди худ бурд.
Радиои “Озодӣ” навиштааст, ки писари ман дар рӯяш доғи шиканҷа дошт ва аз саломатиаш шикоят надошт. Охир, мусалмонем, дурӯғ нагӯед, рӯҳи фарзанди маро ноором накунед. Соли гузашта як фарзанди дигарамро низ аз даст додам. Ӯ муҳоҷир буд ва дар Русия фаъолият мекард. Баъди марги ӯ писарам Бузургмеҳр Умаров, ки барадашро зиёд дӯст медошт, сахт руҳафтода шуд. Дар экрани телефонаш ҳамеша акси бародараш буд. Вай як фарзанди ватандӯст буд. Меҳанашро дӯст медошт.
Вақтҳои охир аз дарди сар шикоят мекард. Ӯ то вопасин ду ҳафта дар беморхонаи шаҳри Исфара бистарӣ буд.
Хоҳиш меукунам, ки расонаҳо иғвогарӣ накунанд. Фарзанди ман беш аз 8 сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати софдилона кард. Мардонавор марзу буми Ватанашро дар сарҳад ҳифз кард. Нагузошт, ки бадхоҳе марзи меҳанашро убур кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ