Парванда алайҳи муассиси Telegram
Фаъолияти муассиси Telegram Павел Дуров дар доираи парвандаи ҷиноятӣ тибқи қисми 1.1, моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (мусоидат ба фаъолияти террористӣ) мавриди санҷиш қарор дорад.
– Дар ин бора 24-уми феврал «Российская газета» ва «Комсомольская правда» бо истинод ба маводи ФСБ хабар додаанд,- менависад “Медуза”.
Ба навиштаи расонаҳо, дар мавод қайд гардидааст, ки паёмрасони Telegram барои омодасозӣ ва ҳамоҳангсозии ҷиноятҳо истифода шудааст. Аз ҷумла, ҳамлаи террористӣ дар «Крокус Сити Ҳолл», куштори Даря Дугина ва генерал Игор Кириллов зикр гардидааст.
Дар мавод гуфта мешавад, ки “иллюзияи махфият” гурӯҳҳои радикалӣ, қочоқчиёни маводи мухаддир ва террористонро ба истифодаи ин платформа ҷалб кардааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки дар шароити амалиёти махсуси ҳарбӣ Telegram ба “абзори асосии хадамоти махсуси кишварҳои НАТО ва режими Киев” табдил ёфтааст.
Ба гуфтаи муаллифон, ширкат талаботи мақомоти Русияро иҷро намекунад ва бинобар ин нисбат ба фаъолияти он чораҳои маҳдудкунанда андешида мешаванд. Тибқи иттилои «Российская газета», аз 10-уми феврали соли 2026 сатҳи коҳиши трафики мессенҷер бо талошҳои “Роскомнадзор” ба 55 дарсад расидааст.
Маҳдудиятҳо нисбат ба Telegram аз тобистони соли 2025 оғоз шуда буданд. Дар аввали феврали соли 2026 мақомот аз пурзӯр шудани чораҳои “сустсозии” хизматрасонӣ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки тобистони соли 2024 Павел Дуров чанд рӯз дар Фаронса дар боздошт буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ