Шиддати даргирӣ миёни Покистону Афғонистон

Шаби 27 ба 28-уми феврал миёни Покистон ва гурӯҳи Толибон*, ки қудратро дар Афғонистон дар даст доранд, даргириҳои шадид рух дод. Ҳарду ҷониб аз анҷоми ҳамлаҳои ҳавоӣ ба мавқеъҳои низомии якдигар хабар медиҳанд.

Толибон ҳамлаи худро “амалиёти интиқомҷӯёна” унвон карда, гуфтаанд, ки он посух ба ҳамлаҳои ҳавоии Покистон дар шаби 21 ба 22-уми феврал ба вилоятҳои Нангарҳор ва Пактико мебошад. Дар пайи ин, шаби гузашта Покистон таъсисоти низомии Толибонро дар Кобул, Қандаҳор ва Пактиё мавриди ҳамла қарор додааст.

Ба навиштаи бахши дарии “BBC”, мақомоти Покистон иддао кардаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои ахир 133 узви Толибон кушта ва беш аз 200 тани дигар захмӣ шудаанд. Аммо Толибон мегӯянд, дар ин ҳамлаҳо 8 низомии онҳо кушта ва 11 нафар захмӣ шудаанд.

Хабаргузории “Ому” низ аз қавли Толибон навиштааст, ки дар амалиёти онҳо 55 низомии покистонӣ кушта шуда ва 19 посгоҳи низомии Покистон тасарруф гардидааст. Даргирии ахир пас аз он оғоз шуд, ки Покистон шаби 21 ба 22-уми феврал ба қаламрави Афғонистон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом дод.

Исломобод ин иқдомро посух ба ҳамлаҳои интиҳорӣ дар дохили кишвар номид. Мақомоти Покистон изҳор дошта буданд, ки дар ин амалиёт 7 урдугоҳ ва махфигоҳи Таҳрики Толибони Покистон (ТТП) ва гурӯҳҳои марбут ба ДОИШ-и Хуросонро* дар минтақаҳои наздимарзӣ ҳадаф қарор додаанд. Покистон Толибонро ба паноҳ додани гурӯҳҳои тундрави покистонӣ, аз ҷумла ТТП, муттаҳам мекунад ва мегӯяд, онҳо аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба Покистон истифода мекунанд. Толибон ин иттиҳомотро рад мекунанд.

Бояд гуфт, Афғонистон ва Покистон беш аз 2600 километр марзи муштарак доранд ва пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар соли 2021, дар ин минтақаҳо борҳо задухӯрд рух додааст. Аммо ҳамлаҳои ахир ва нақзи ҳарими ҳавоӣ дар умқи қаламрави Афғонистон ҳамчун марҳилаи нави шиддат гирифтани танишҳо арзёбӣ мешавад. *Ин гурӯҳҳо дар Тоҷикистон созмонҳои террористӣ эътироф шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *