Парвозҳо миёни Эрону Тоҷикистон бештар мешаванд

Сар аз 19 ноябр ширкати эронии “Реймон Эйрлайнз” парвозҳои нави худро миёни Машҳад-Душанбе-Машҳад оғоз мекунад. Дар ин бора Агенти ҳавонавардии граждании Тоҷикистон дар ин бора хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон, “барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди ҳамлу нақли бору мусофирон” равона карда шудааст. Аз ҷумла рӯзи 19- уми ноябр ширкати ҳавопаймоии эронии “Реймон Эйрлан” парвози нави худро дар масири Машҳад –Душанбе оғоз мекунад. Қарор аст парвозҳо дар ин самт ҳафтае ду маротиба анҷом дода мешавад.

Бинобар инттилои манбаъ, аз 28-уми ноябр ширкати ҳавопаймоии “Киш Эйрлайнз” низ дар масири Душанбе- Киш парвозҳои чартериро ба нақша гирифтааст.

Ин масъала дар зимни  вохӯрии Ҳабибулло Назарзода, директори Агентӣ ва Ҳусейн Пурфарзон, раиси маъмурияти авиатсияи шаҳрвандии Эрон баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёни вохӯрӣ тарафҳо нақшаҳои боз намудани хатсайрҳои ҷадидро ба самти зерин мавриди баррасӣ қарор доданд: Киш – Душанбе. Киш – Хуҷанд. Шероз – Душанбе.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло байни ду кишвар аз ҷониби Тоҷикистон ширкати ҳавопймоии “Сомон Эйр” ва самти Эрон ширкати ҳавопаймоии “Вориш Эйрлайнз ” парвозҳоро анҷом медиҳанд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *