Пешниҳод: Ҳабс ё то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима барои дурӯғпароканӣ оид ба артиш

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҷумҳурӣ тағйирот пешниҳод кардааст, ки ба масъалаи паҳн намудани маълумоти бардурӯғ оид ба артиши ҷумҳурӣ нигаронида шудааст.

Бино ба тағйироти пешниҳодшуда, барои паҳн намудани маълумоти бардурӯғ дар бораи шарту шароити хизмати ҳарбӣ ва шеваи даъвати шаҳрвандон ба аскарӣ ҷазо муқаррар карда мешавад. Муҷозот барои шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 20 то 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, муодили 1280 то 1560 сомонӣ ва ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз пешниҳод гардидааст. Барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима аз 200 то 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо — аз 12,6 ҳазор то 16 ҳазор сомонӣ пешниҳод шудааст.

Вазорат шарҳ додааст, ки ҳадафи ин иқдом пешгирии паҳнсозии маълумоти бардурӯғ мебошад, ки «боиси коста гардидани шаъну шарафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хизматчиёни ҳарбии он мегардад».

Вазорати мудофиа изҳори боварӣ кардааст, ки қабули тарҳи мазкур боиси коҳиши шиддати бадномшавии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон мегардад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.