Пирӯзии футболбозони навраси тоҷик дар Ҷоми «Роҳи абрешим»

 Мунтахаби футболбозони 16-солаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) соҳиби  медалҳои нуқра гардид.

Дар бозии даври ниҳоии мусобиқот рӯзи 15 июл, ки дар шаҳри Вэйнани Чин баргузор шуд, футболбозони навраси тоҷик таҳти раҳбарии Зайниддин Раҳимов бар дастаи мизбонон – мунтахаби Чин бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд. Голи ягона ва ҳалкунандаро Ваҳдат Ханонов дар дақиқаи 61-ум ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ, аз рӯи натиҷагирии мусобиқот Ваҳдат Ханонов бо ҷоизаи беҳтарин ҳамлагар сарфароз гашт.

Ба ин тартиб, мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо 9 имтиёз ғолиби мусобиқоти байналмилалии Ҷоми «Роҳи абрешим – Ҳуашан-2016» (Silk Road – Hua Shan Cup-2016) гардид. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дуюм ва мунтахаби  Чин бо 3 хол зинаи 3-юмро ишғол карданд.

Э. НАЗАРОВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *