Пиртарин марди сайёра дар 146 солагиаш фавтид

Мба Гхото, ки зодаи с 1870 буд, дар синни 146- солагӣ дар деҳаи худ Яваи Марказӣ дар Индонезия фавтидааст. Чанде пеш бо сабаби бад шудани вазъи саломатиаш вайро ба беморхона интиқол медиҳанд ва пас аз 6 рӯз бо хоҳишиу исрори хеш аз беморхона рухсат шуда, ба хона бармегардад.

Ба гуфти наберааш пас аз баргаштан вай ҳамагӣ ду қошуқ шавла ва каме об менӯшаду халос.

Сипас то дами марг аз хӯрдану нӯшидан даст кашидааст. Ҳарчанд дар Индонезия ҳолатҳои нодуруст ба қайдгирии тавлиди одамон бисёранд, лек мақомоти ин шаҳр ҳақиқӣ будани шаҳодатномаи таваллуди Гхаторо тасдиқ кардаанд.

Вақте соли гузашта хабарнигори BBC бо вай мусоҳиба карда буд, Гхато сабаби дарозумрии хешро дар муҳаббат ва сабру тоқати атрофиёнаш гуфтааст. « Ман барои он ин қадар умри дароз дидам,ки аз ман ҳамеша наздиконам бо муҳаббат ва сабр нигаҳбониву парасторӣ карданд».

Бояд қайд кард,ки Гхато то дами марг сигоркаши ашаддӣ буд,

вай марги 4 ҳамсар, 10 хоҳару бародар ва ҳамаи фарзандонашро бо чашми хеш дидааст.  Чуноне худаш мегуфт, ягона орзуии ин марди пир ин мурдан буд.  Ба гуфти наберааш, вай ҳанӯз аз 122- солагиаш ба марг омодагӣ медидааст. Санги болои қабрашро бошад, 24 сол пеш худаш харидорӣ намуда будааст.

Барои ҳамдеҳагонаш бобои Гхато қаҳрамоне буд, ки бо нақлҳои хеш дар бораи ҷанг бо японҳо ва голландиҳо машҳур гашта буд.

Наберааш гуфтааст,ки бобояшро рӯзи душанбе дар қитъаи замине,ки худаш чанд сол пеш харидорӣ намуда буд, ба хоксупориданд ва лавҳаи харидаашро ба болои қабраш гузоштанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *