Пизишкиён маоши якмоҳаашро ба сохтмони мактабҳо бахшид
Раиси ҷумҳури Эрон Масъуд Пизишкиён маоши якмоҳаи худро ба маъракаи миллии сохтмони мактабҳо бахшидааст.
Ба иттилои Ризо Хонмуҳаммадӣ, раиси Созмони миллии таъмир ва таҷҳизонидани мактабҳои Эрон, маблағи мазкур пас аз 48 соати изҳороти расмии президент ба суратҳисоби махсуси сохтмони мактабҳо гузаронида шудааст.
Маъракаи миллии «Мактаб бисоз!», ки тирамоҳи соли ҷорӣ оғоз гардидааст, бо ҳадафи ҷалби шаҳрвандон ва ниҳодҳои иҷтимоӣ ба сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ шудааст. Ин ташаббус сокинонро ташвиқ мекунад, то бо саҳмгузории молиявӣ ва ё шаклҳои дигари кӯмак ба беҳсозии шароити таълимӣ дар кишвар мусоидат намоянд.
Ин иқдоми Раиси ҷумҳури Эрон намунае аз дастгирии амалӣ аз соҳаи маориф буда, метавонад дар ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба масъалаи рушди инфрасохтори таълимӣ нақши муҳим бозад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ