Полковник Шарифов дар синни 61 – солагӣ даргузашт

Полковники мустаъфӣ Собир Шарифов бар асари беморӣ аз олам даргузашт.  Ӯ 61 –сола ва зодаи ноҳияи Ҳамадонӣ буд.

Мавсуф фаъолияти хизматии худро ҳанӯз аз солҳои аввали таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ оғоз намуда, дар ин сохтор дар вазифаҳои гуногун, то сардори раёсати молия ва буҷет фаъолият кардааст.

 Сипас, ӯ  дар Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа хизмати низомии худро идома дода, дар мақомҳои муовини раиси Кумитаи мазкур,  сардори раёсати молия ва буҷет, раиси Кумитаи шаҳрии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи шаҳри Душанбе ва раиси Кумитаи вилоятии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи вилояти Хатлон ифои вазифа намудааст.

Дар ин бора Абдурақиб Қодиров, сухангӯи Кумитаи Марказии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Тоҷикистон хабар дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *