Президент: Ҳатто Амир Темур мисли бархе мансабдорони имрӯза зиндагии пуршукӯҳ надошт

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар вилояти Андиҷон гуфт, ҳатто Амир Темур дар вақташ мисли бархе мансабдорони имрӯза зиндагии пуршукӯҳ надошт. Мирзиёев гуфт, ин мансабдорони фасодзада аз ҳисоби макидани хуни халқ миллионеру миллиардер шудаанд. Ӯ аз ҷумла собиқ додситони кулл Рашид Қодировро дузд номид ва гуфт, ҳар касе хиёнат кунад, мисли Қодиров ҷояш зиндон аст.

Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 19 май зимни сафараш ба вилояти Андиҷон аз мансабдорони фасодкор ба шиддат интиқод кард ва гуфт, онҳо барои худ чунон зиндагии шоҳонае дуруст карда буданд, ки ҳатто Амир Темур чунин кайфу сафо надошт.

Мирзиёев аз ҷумла гуфт: «Онҳо барои худ дар соҳили баҳри Балтика хона сохта буданд. Агар ба аксҳои он қасрҳо бингаред, мефаҳмед, ки ҳатто Амир Темур, бо онки ҳокими ин қадар сарзамину халқҳо буд, дар чунин шароити пуршукӯҳ зиндагӣ намекард. Қодиров қист? Ӯ дузд аст! Маҳз барои ҳамин ман 70 фоизи кормандони прокуратураро иваз кардам.Касе, ки ба ман хиёнат кунад, аз қафои онҳо хоҳад рафт. Ман ҳама чиро мебахшам, ба ҷуз аз хиёнат ва дуздӣ.”

Рашид Қодиров, ки аз соли 2000 то 2015, дар тӯли 15 сол додситони кулли Ӯзбекистон буд, рӯзи 22 феврал дастгир шуд. Додситонии кулли Ӯзбекистон гуфт, роҳбари ин идора бар асоси моддаҳои 165, 205 ва 210-уми Кодекси ҷиноӣ ба тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мақом ва порахӯрӣ айбдор мешавад.

Ба дунболи ӯ, рӯзи 6 март Ойбек Зайниддинов, як домоди Рашид Қодиров, ки сардори Сарраёсати назорати гумрукӣ дар Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон буд, низ дастгир гардида. Абдуллобек Қодиров, писари собиқ додситони кулл таҳти ҷустуҷӯ гузошта шуд. Абдуллобек Қодиров, ки бино ба хабарҳо, қабл аз боздошти падараш аз Ӯзбекистон ба Русия ва аз онҷо ба Швейтсария фирор кардааст, ба дуздии ним миллиард доллар айбдор мешавад.

Шавкат Мирзиёев дар суханрониаш дар Андиҷон дар бораи дуздиҳои дастаи Рашид Қодиров гуфт: «Собиқ додситони кулл Қодиров ҳоло ҳамроҳи аъзои командааш дар зиндон аст. Онҳо ҳоло миллион доллари дуздидаашонро ба давлат баргардонда истодаанд. Мо дар ду моҳи наздик ӯро аз телевизион намоиш медиҳем, бигзор худаш дар бораи аъмоли ғайриқонуниаш сӯҳбат кунад. Ӯ аз ҳар прокурори ноҳия 30-40 ҳазор доллар мегирифт. Ҳоло ин пулҳоро баргардонда истодааст. Писари бевиҷдони вай миллиардер шуда буд. Ин ба мансабдорони дигар ҳам дахл дорад. Ин боигариҳо аз кадом ҳисоб буд? Албатта, аз ҳисоби халқ.”

Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар моҳи сентябри соли 2016 дар сиёсати ҳукумати Ӯзбекистон тағйироти ҷиддие мушоҳида мешавад. Мирзиёев дар ин муддати кӯто чандин мансабдори баландпоя, аз ҷумла собиқ вазири корҳои дохилӣ Адҳам Аҳмадбоев, собиқ додситони кулли Ӯзбекистон Рашид Қодиров, собиқ додситони шаҳри Тошканд Мираълам Мирзоев, собиқ додситони вилояти Тошканд Ҷамшед Файзиев ва даҳҳо нафар аз мансабдорони дар гузашта баландпояи Хадамоти амнияти миллиро ба ҳабс гирифт. Генерали қаблан пурнуфуз Шӯҳрат Ғуломов, ки солҳо муовини аввали раиси Хадамоти амнияти миллӣ буд, моҳи августи соли гузашта ба ҳабси умрбод маҳкум шуд.

Гуфта мешавадки Аҳмадбоев бо супориши Ғуломов телефонҳои наздикони президентаз ҷумлааъзои хонаводаи Мирзиёевро гӯш ва сабт мекардМирзиёев дар суханрониҳояш онҳоро ба «хиёнат”айбдор кард ва гуфтпогонҳои генералии ҳардуро кандаба дасташон додааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *