Президент аз зиёдшавии фасод нороҳат аст

Президенти Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон  имрӯз, 10-уми январ дар рӯзи таъсиси Оҷонсии зидди фасод, ки иди касбии кормандони ин ниҳод эълон шуд, фаъолияти 10-солаи Оҷонсиро ҷамъбаст намуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо раҳбарият ва кормандони ин ниҳод гуфт, коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон аз қадимӣ будани фасодкорӣ зикр карда, афзуд, ки ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи «коррупсия» ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳо барои решакан кардани ин зуҳурот дар кишвари мо зикр карда, афзуд, ки бо мақсади баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ дар қонунгузории кишвар тақвияти муқовимат бо коррупсия ва гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсияро ҳамчун шарти ҳатмӣ муқаррар намудем ва ҳангоми қабул ба хизмати давлатӣ санҷиши ҳолатҳои содир гардидани кирдори коррупсиониро зарур шуморидем: “Дар натиҷаи ин чорабиниҳо шиддати коррупсия дар кишвар тадриҷан коҳиш ёфта, эҳсоси таҳаммулнопазирии мардум нисбат ба чунин амалҳои нангин хеле афзуд. Афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба вазъи коррупсия дар кишвари мо низ ба таври мусбат тағйир ёфта, соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар индекси байналмилалии дарки коррупсия 16 зина боло баромад”.

Президент барои муборизаи беҳтар бо коррупсия таъкид намуд, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, пеш аз ҳама, бояд озод аз коррупсия бошад: “Яъне худи кормандони ин ниҳод бояд шахсони пок бошанд, манфиатҳои давлатро аз манфиатҳои шахсӣ боло донанд, даст ба қонуншиканӣ назананд ва барои кормандони дигар мақомоти давлатӣ намуна бошанд. Зеро бидуни доштани чунин сифатҳои неки инсониву касбӣ мо наметавонем дар мубориза бо ин кирдори ҷиноятӣ ба натиҷаҳои дилхоҳ муваффақ шавем”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кормандони оҷонсӣ давоми 10 сол 12 ҳазор тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии қариб 2 миллиард сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудааанд: “Агар соли 2007 – ум 130 миллион сомонӣ зарар ошкор шуда бошад, ин рақам соли 2016 – ум 386 миллион сомониро ташкил медиҳад”.

Президент бо такя ба таҳлили омори даҳсола илова намуд, ки ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад: “Аз ҷумла, агар соли 2007 ҳамагӣ 464 ҷиноят ошкор карда шуда бошад, ин рақам соли 2016 қариб ба 1900 адад расидааст. Бахусус, тайи 5 соли охир шумораи ин ҷиноятҳо хеле афзуда, аз 1320 ҷинояти дар соли 2012 содиршуда то 1900 ҷиноят дар соли 2016 афзудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон аз 3 миллиарду 780 миллион сомонӣ ба 19 миллиарду 860 миллион сомонӣ, расидани буҷаи давлатро зикр карда, афзуд, ки назорати истифодаи шаффоф ва самараноку мақсадноки чунин маблағҳои бузург, пеш аз ҳама, вазифаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мебошад ва аз кормандони он сатҳи баланди касбӣ ва муносибати бисёр ҷиддиро талаб менамояд”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *