Меҳмонхонаи “Саразм- плаза” ба истифода дода шуд (аксҳо)

Имрӯз, 12 сентябр дар доираи сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи “Саразм- плаза” ба истифода дода шуд.

Тавре ки Маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар ҳамин ҷо мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятими кулл сурат гирифт.

Тибқи иттилои манбаъ, меҳмонхонаи шашошёна аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷакентсоз” бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.

Иншоот дорои 24 ҳуҷра буда, дар як вақт метавонад ба 60 нафар хизмат расонад. Тамоми утоқҳои меҳмонхона мутобиқ ба талабот муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истироҳату фароғати мизоҷон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва меҳмонон бо хизматрасонии сатҳи баланд фаро гирифта мешаванд.

Дар меҳмонхона гушаи алоҳидаи сайёҳӣ ташкил гардида, дар он имкониятҳои сайёҳӣ шаҳри Панҷакент муаррифӣ гардидааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар шаҳр 12 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардида, имконияти васеъ барои равнақ додани туризми аграрӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва кӯҳӣ-экологӣ мавҷуд аст.

Дохили меҳмонхонаи “Саразм-плаза” бо санъати баланди меъморӣ зиннат ёфта, девору роҳравҳои он бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *