Президент дар Суғд

 Дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварданд.

Дар Варзишгоҳи марказии ноҳия наздик ба 3 ҳазор нафар сокинони ноҳия Пешвои миллатро бо меҳру муҳаббат ва самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Аҳли ҳунару толибилмон ба хотири ташрифи Президенти мамлакат барномаи зебову рангинро манзур намуданд.

 Дар идомаи сафар ба ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонбаъди ба истифода додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20

          

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» аз ҷараёни оғози ғунучини пахта ва фаъолияти соҳаи кишоварзии ноҳия шинос шуданд.

Тавре аён гардид, дар хоҷагии деҳқонии «Бахт» ҷамъоварии ҳосили пахта тавассути мошинҳои махсуси пахтачинӣ сурат мегирад. Ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол аз ҷониби хоҷагии деҳқонии «Бахт» дар майдони 10 гектар кишти пахта гузаронида шудааст ва ҳосилғундорӣ дар ин хоҷагӣ пурра бо истифода аз техникаҳои пахтачинӣ ба роҳ монда мешавад. Дар маҷмуъ дар ноҳияи Зафаробод бошад имсол хоҷагидорон дар майдони 9 ҳазору 325 гектар пумбадона кишт намудаанд, ки ҳосили қариб 300 гектари он тавассути техникаҳои махсуси пахтачинӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки маҷмуъан кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол дар майдони 6 ҳазору 600 гектар ғалладонагиҳо, 8 гектар картошка, 416 гектар  сабзавот, 1 ҳазору 300 гектар полезиҳо ва 9 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво кишт намуданд ва масоҳати умумии боғу токзор дар ноҳия бошад 976 гектарро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи ҷамъоварӣ ва муайян кардани ҳосили интизории пахта аз тарафи мутахассисон дар назар аст, ки имсол хоҷагиҳои пахтакории ноҳия то 20 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд ва ин нишондод нисбат ба соли гузашта 6 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Сипас Сарвари давлат дар намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Зафаробод, ки дар ҳамин хоҷагӣ ташкил гардида буд, иштирок намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни тамошои намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ба фаъолияти самарабахш ва натиҷаҳои назаррасу дастовардҳои хоҷагидорони ноҳия баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ аҳли заҳмати ноҳия бештар аз 40 номгӯйи маҳсулоти кишоварзӣ аз қабили полезиҳо, ғалладонагиҳо, лубиёгиҳо, мевагиҳо, хушкмевагиҳо, маҳсулотҳои нонӣ ва асалро, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии 5 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия истеҳсол карда мешавад ба маъраз гузоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *