Президент дар варзишгоҳ

Президенти  Тоҷикистон имрӯз, 10-уми ноябр дар пайи ифтитоҳи бинои истиқоматии 40 хонагӣ барои кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе аз Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин боздид кард. 

Тибқи иттилои дафтари матбуоти президент, маҷмааи варзишӣ аз толори калон бо 1000 ҷойи нишаст, майдончаҳои варзишии баскетбол, гуштин, волейбол, футболи хурд, ҷойи либосовезӣ, утоқҳои корӣ, ҳаммом ва системаи гармидиҳӣ иборат буда, баъди аз таъмири асосӣ баровардан имкон фароҳам омад, ки дар он мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шаванд.

Манбаъ мегӯяд, бинои Муассисаи давлатии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин аз тарафи Корхонаи давлатии сохтмону васлкунии рақами 2 — и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст давоми қариб як сол бо сарфи беш аз 3 миллион сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *