Президент фармони афви 2 ҳазору 700 зиндониро имзо кард.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бахшида ба 25-умин солгарди қабули Конститутсияи ин кишвар фармони афви 2 ҳазору 700 зиндониро имзо кард. Дар таърихи Ӯзбекистон ин бори нахуст аст, ки афви оммавӣ сурат мегирад.

Ба иттилои расонаҳо, аз ҷумла бар пояи ин фармон, 956 нафаре аз зиндон раҳо хоҳанд шуд, ки бо сабабҳои гуногун даст ба ҷинояткорӣ зада, ҳоло сидқан тавба кардаанду мехоҳанд, ислоҳ шаванд ва дар маҳбасу маҳалли зисташон низ рафтори онҳо мусбат арзёбӣ гаштааст.

Президент Шавкат Мирзиёев 29 сентябри соли равон бо имзои як қарор дастур дод, ки барои афви маҳбусон бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ӯзбекистон тамоми асноди лозимӣ ҷамъоварӣва ба иҷрои он омодагӣ дида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *