Президент гуфт: Даст аз ҳиҷоби занон бардоред!

Раисиҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар як ҷаласа аз раиси Иттифоқи ҷавонон барои маъракаи ҳиҷобпартоӣ дар вилояти Сурхондарё башиддат интиқод карда, гуфтааст, «магар шумо ба ғайри аз сарашон кашидани ҳиҷоби духтарон кори дигаре надоред?”

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон дар як ҷаласа бо ширкати раҳбарони идораҳои интизомӣ аз маъракаи ахири ҳиҷобпартоӣ дар ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё башиддат интиқод кардааст.

Бино ба гузориши сомонаи «uzxalqharakati.com”, ки ба мухолифини узбек тааллуқ дорад, Мирзиёев дар ин ҷаласа хитоб ба Қаҳрамон Қуронбоев, раиси Иттифоқи ҷавонони Узбекистон гуфтааст, ки даст аз ҳиҷоби занону духтарон бардорад ва машғули корҳои ҷиддитар шавад.

Шавкат Мирзиёев аз ҷумла гуфтааст: «Гӯш кун, ту магар ба ғайри кашидани ҳиҷоби духтарон кори дигаре надорӣ?! Онҳоро ором гузор! Бигзор чизе ки хоҳанд, пӯшидан гиранд! Шабакаҳои иҷтимоиро бихон, фикри мардумро бихон. Онҷо мардум менависад, ки Иттифоқи ҷавонони Узбекистонин вориси Комсомоли Шӯравӣ аст, ки фаранҷиро аз сари занон мекашид.”

Ин ҷаласа рӯзи 3 август доир шудааст, вале маркази матбуоти президенти Узбекистон дар бораи суханронии Мирзиёев дар он ҷаласа хабари расмие пахш накардааст. Аммо сомонаҳои мустақил менависанд, ки Мирзиёев дар он нишаст хитоб ба вазирони қудратӣ ҳамчунин гуфтааст, журналистонеро, ки матлабҳои танқидӣ менависанд, низ ба рӯйхати сиёҳ ворид накунанд, чунки онҳо душман нестанд, балки камбудиҳои рӯзгори кишварро нишон медиҳанд. Мирзиёев иқрор кардааст, ки худаш ахбори воқеӣ дар бораи вазъи Узбекистонро аз сомонаҳои ББС ва радиои «Озодлик” меҷӯяд, то аз нашрияҳои расмӣ, ки аз гуфтани камбудиҳо парҳез мекунанд.

Рӯзи 29 июл дар ҷашнворае, ки Иттифоқи ҷавонони Узбекистон дар маҳаллаи Гулободи ноҳияи Музрободи вилояти Сурхондарё баргузор кард, 5 духтари ҳиҷобпӯш дар маҳзари ом аз пӯшидани сатр даст кашида, дар пеши чашми ҳозирон ҳиҷоби худро аз сар партофтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *