Президенти ИМА Ҷо Байден гирифтори коронавирус шуд

— Рӯзи панҷшанбе санҷиши коронавируси COVID-19 дар президенти ИМА Ҷо Байден мусбат баромаду ӯ табобатро оғоз кард ва иҷрои вазифаҳои худро аз қароргоҳи худ идома медиҳад,- гуфт котиби матбуотии Кохи Сафед Карин Жан-Пер.

«Субҳи имрӯз президент Байден барои COVID-19 ташхиси мусбат гирифт. Ӯ нишонаҳои хеле сабуки ин бемориро эҳсос мекунад. Ӯ ба истеъмоли Paxlovid (ҳабҳои коронавирус аз ширкати Pfizer) шуруъ кардааст»,- гуфта мешавад дар изҳороти Кохи Сафед.

Ба гуфтаи котиби матбуотӣ, президенти ИМА ба изолятсия меравад ва иҷрои вазифаҳои худро фосилавӣ ва пурра идома медиҳад. Вай дар ҳама вохӯриҳои ба нақша гирифташуда тавассути телефон ё пайванди видеоӣ ширкат хоҳад кард.

Карин Жан-Пер ёдовар шуд, ки Байден курси пурраи ваксина бар зидди COVID-19 ва инчунин ду вояи пурқувваткунандаи ваксинаро гирифтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.