Президенти Тоҷикистон ба Президенти Эрон изҳори тасаллӣ намуд
27 апрели соли равон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи тасаллӣ ирсол намуд.
Дар барқия омадааст:
«Хабари ҳодисаи инфиҷори шадид дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ дар шаҳри Бандар Аббос ва ба ҳалокат расидану маҷрӯҳ шудани теъдоди зиёди одамон боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Бо эълони ҳамбастагӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин лаҳзаҳои фоҷеабор, ба Шумо, давлат ва мардуми дӯсти Эрон ҳамдардӣ ва таслияти самимии ин ҷонибро баён менамоям. Аз даргоҳи Худованд барои фавтидагон раҳмату мағфират ва барои маҷрӯҳон шифои комил хоҳонам».

Ёдовар мешавем, ки 26 апрел дар Бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар шаҳри Бандар Аббос, инфиҷори шадиде ба амал омад. Дар натиҷа, то ба ҳол 18 нафар ҷони худро аз даст дода, беш аз 800 кас маҷрӯҳ шудаанд. Ҳоло ҳам сӯхтор дар маҳалли ҳодиса идома дорад ва мақомоти Эрон барои фурӯ нишондани он талош доранд.
Мақомоти расмӣ мегӯянд, сабаби дақиқи инфиҷор то ҳол муайян нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ